ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи афсари кушта шуда дар марз бо Афғонистон Исматулло Қурбонов дар маркази шаҳри Бохтар хонаи дуҳуҷрадор тақдим намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон ба ин хонавода кумаки молиявӣ расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки калиди манзили истиқоматӣ-туҳфаи президентро шахсан раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба хонаводаи майор Исматулло Қурбонов, тақдим кард.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш мақомоти ВМКБ ба хонаводаи афсари кушташуда дар Хоруғ хона тақдим карданд.
Афсари КДАМ Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович, санаи 24 декабри соли 2025 зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии амалӣ террористӣ кушта шуд.
Ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи расмиаш дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ,зимни тақдими калиди хона раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот изҳор намудааст, ки ҳукумати кишвар ва халқи тоҷик ҳеҷгоҳ қаҳрамонӣ ва ҷонсупории чунин фарзандони қаҳрамонро фаромӯш нахоҳад кард.
Вай қайд кард, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда мақомоти вилоят низ кӯшиш менамоянд, ки оилаҳои фарзандони қаҳрамони ҷонфидоро дастгирӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2025, соати 23:30 се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", Отряди сарҳадии 0341 "Сарчашма", воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.