ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Вазъият дар атрофи низоъ дар Украина ба сулҳи устувор наздик аст.
Дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан, изҳор дошт.
"Бо назардошти вазъият дар тӯли чор соли охир, ман фикр мекунам, ки мо ҳоло дар вазъе қарор дорем, ки ба сулҳи устувор наздик ҳастем. Ман фикр мекунам, ки мо дар ҳолате қарор дорем, ки ба он наздик аст. Ҳадди ақал, нуктаҳои калидӣ, ки метавонанд асоси созишномаи сулҳро ташкил диҳанд, муфассал баррасӣ мешаванд", - гуфт Фидан дар Порис ба хабарнигорон.
Сабти видеоии изҳорот аз ҷониби хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Туркия нашр шудааст. Ӯ афзуд, ки Туркия низ дар ин раванд саҳм мегузорад.
Вазирҳамчунин изҳор дошт, ки агар созишнома дар бораи Украина имзо шавад, Нерӯҳои Мусаллаҳи Туркия омодаанд масъулияти амниятро дар Баҳри Сиёҳ ба дӯш гиранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи "эътилофи хоҳишмандон" оид ба Украина дар Порис мушкилоте, ки кишварҳои гуногун пас аз барқарор шудани сулҳ метавонанд бо онҳо рӯбарӯ шаванд, муфассал баррасӣ шуданд.