ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва роҳбарӣ дар дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки якқатор кадрҳо дар паи натиҷагирӣ аз фаъолияти иқтисоди миллии кишвар дар соли 2025 аз вазифа озод шудаанд.
Ҳамин тавр, муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ, раис ва муовинони раиси Кумитаи рушди маҳал аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои дигари ҷавону варзида таъин карда шуданд.
Ҳамчунин, Солеҳзода Ашурбой аз вазифаи муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо ва Раҳмонзода Абдулло аз вазифаи ёвари президенти Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъин гардиданд.
Ба вазифаи мудири муассисаи давлатии “Театри миллӣ” бошад, Шарифзода Манучеҳр, ки то ин вақт муовини вазири фарҳанг Тоҷикистон буд, таъин карда шуд.
Зимни суҳбат Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда доир ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, бахусус вобаста ба тақсими замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва муомилаи дуруст бо мардум дастуру тавсияҳо додааст.
Раисиҷумҳур таъкид кард, ки раванди созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорони ҳимматбаланду мардуми саховатпеша, бахусус ба хотири истиқболи сазовор аз Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии истиқлол, вусъат дода шавад.