ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Украина бояд дар доираи ҳалли сулҳ гузашт карда ба созиш бирасад.
Дар ин бора, садри аъзами Олмон Фридрих Мертс гуфт.
Рӯзи сешанбе дар Порис ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор шуд. Дар байни мавзӯъҳои баррасишуда, ба истилоҳ, кафолатҳои амниятӣ барои Украина, аз ҷумла ташкили нерӯҳои бисёрмиллатӣ буданд.
Дар он инчунин Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси президенти ИМА Доналд Трамп ва Ҷаред Кушнер, домоди раҳбари Амрико, ширкат варзиданд.
"Новобаста аз он ки мо дар Украина дар шаш ҳафта ё шаш моҳ тирпаррониро хомӯш кунем, мо барои ба даст овардани сулҳ пайваста кор мекунем. Аммо, мо (Украина ва кишварҳои ИА, ки онро дастгирӣ мекунанд - таҳр.), бешубҳа бояд гузаштщо кунем", - гуфт Мертс зимни нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи "эътилофи хоҳишмандон".
Аммо, канслери Олмон мушаххасан нагуфт, ки кадом гузаштҳо метавонанд дар назар дошта шаванд.
Дар бораи ҳалли осоишта дар Украина, Мертс, аз ҷумла, қайд кард, ки барои ноил шудан ба он пайдо кардани модел "аз китоби дарсии дипломатӣ" ғайриимкон аст.
"Аммо дар шароити кунунии геополитикӣ, мо бояд талошҳои назаррас, аз ҷумла дар рӯзҳо, ҳафтаҳо ва шояд ҳатто моҳҳои оянда, анҷом диҳем", - гуфт ӯ.
Мертс изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосӣ ноил шудан ба "оташбаси устувор" дар Украина аст.
Қаблан, фиристодаи махсуси ИМА Стив Уиткофф пас аз ҷаласаи "эътилофи хоҳишмандон" изҳор дошт, ки иштирокчиёни он дар як қатор масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла кафолатҳои амниятӣ барои Киев, пешрафти назаррас ба даст овардаанд.
Маъмурияти ИМА қаблан таҳияи нақшаи ҳалли низоъи Украинаро эълон карда буд. Кремл изҳор дошт, ки Русия барои музокирот боз аст ва ба музокироти Анкориҷ содиқ мемонад.