Тиҷорати Эрон бо ИИАО фурсати камназир барои тақвияти дипломасии иқтисодӣ аст

Вакили парлумони Эрон гуфт, ки тиҷорати кишвараш бо кишварҳои узви ИИАО фурсати камназир барои тавсеаи тиҷорати хориҷӣ ва тақвияти дипломасии иқтисодӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Беҳном Саидӣ вакили парлумони Эрон бо ишора ба аҳамияти тиҷорати озод Теҳрон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО), гуфт, ки иҷроӣ шудани мувофиқатномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва АвруОсиё, яке аз муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ маҳсӯб мешавад.
Вай таъкид кард, ки нуқтаи муҳим тавсеаи тиҷорати хориҷӣ ва тақвияти дипломасии иқтисодӣ Эрон аст.
Намоянаи маҷлиси шӯрои исломӣ изҳор дошт, ки тиҷорати озод бо кишварҳои узви АвруОсиё, фурсати камназире барои афзоиши содироти ғайринафтӣ, танаввуъи бахш ба бозорҳо ва коҳиши вобастагӣ ба масирҳои маҳдуди тиҷорӣ фароҳам мекунад.
Вай афзуд, ки хушбахтона бо иҷроӣ шудани ин мувофиқатнома, бахши қобили таваҷҷуҳе аз колоҳои мубодилаи миёни Эрон ва кишварҳои узви ИИАО машмули коҳиш ё ҳазфи тарофаҳои гумрукӣ мешаванд, ки ин мавзуъ метавонад қудрати рақобатпазирӣ миёни тавлидкунандагони Эронӣ дар бозорҳои минтақаро афзоиш диҳад.
Шарикии Эрон бо ИИАО метавонад як минтақаи пуриқтидорро эҷод кунад
Вай идома дод, ки барои таҳаққуқи комили манофеи ин тавофуқнома, ниёз ба ислоҳи фрояндҳои гумрукӣ ва рафъи мавонеъи банкӣ ва ҳамоҳангии бештар байни дастгоҳҳои иҷроӣ ҳастем зеро дар ғайри ин сурат, бахше аз зарфиятҳои пешбинӣ шуда билистифода хоҳад монад.
Саидӣ хотирнишон кард, ки парлумони Эрон аз ҳар иқдоме, ки мунҷар ба тақвияти иқтисоди дохилӣ ва густариши равобити тиҷории пойдор бо кишварҳои минтақа шавад, ҳимоят мекунад ва дар ҳавзаи қонунгузорӣ низ, омодаи ҳамроҳӣ бо давлат барои рафъи мавонеъи пешрӯй туҷҷор ва фаъолон иқтисодӣ аст.