ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Соли 2025 дар вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 539 километр роҳҳо мумфаршм, 596 километр сангфарш ва 65 адад пулу қубурҳо ба маблағи 292,1 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гардиданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои мацомоти ин вилоят соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 2588,6 километр ба маблағи умумии 341,4 миллион сомонӣ роҳҳо таъмиру навсозӣ карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 52,8 миллион сомонӣ зиёд аст.
Аз он 546 километр таъмири асосӣ, 649,4 километр сангфарш, 1393 километр таъмири ҷорӣ ва 156 пул ва қубурҳо таъмиру навсозӣ карда шуданд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар соли 2026 дар соҳаи нақлиёт, татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 млрд сомонӣ дар назар аст.
Вазорат афзуд, ки мақсад беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.
Тибқи ин тарҳҳо аз ҷумла бунёди:
50 километр роҳи "Данғара – Гулистон",
33 километр роҳи "Гулистон – Фархор",
12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Ҳамчунин, соли 2026 сохтмону навсозии 300 км роҳҳои мошингарди байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 млрд сомонӣ оғоз мегардад:
Роҳҳои "Ваҳдат – Обигарм" 70 км,
"Гулистон – Кӯлоб" 33 км,
"Хоруғ – Роштқалъа" 39 км,
"Мурғоб – Кулма" 67 км,
"Балҷувон – Сари Хосор" 55 км,
"Хистеварз – Конибодом (Арка)" 10 км,
ва 11 км роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи "Лаби Ҷар – Сангвор" аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар маҷмуъ, дарозии умумии шабакаи роҳҳои Тоҷикистон тақрибан 27 ҳаз. 243 км ташкил медиҳад, ки аз он 14 ҳаз. 314 км роҳҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла 3 ҳаз. 384 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 ҳаз.182 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8 ҳаз. 748 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.