ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. КҲФ барои бартарафсозии тармафароӣ ва тамбашавии автомашинаҳо дастаи махсуси зудамал ташкил додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти КҲФ.
Ин дастаи махсуси вилояти Суғд дар водии Зарафшон кӯмак мерасонад.
“Ба сокиноне, ки дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд аз тарафи ноҳияи Айнӣ бо сабаби фаромадани тарма ва тамбашавии нақлиёт дармонда буданд ба онҳо хуроки яквақтаина таъмин карданд”, - қайд кардааст КҲФ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд.
Ҳамчунин кумита аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки мошинҳояшонро пешакӣ барои сафар омода созанд, ҳамеша бо худ асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд.
“Дар чунин рӯзҳо риояи фосилаи байни мошинҳо низ хеле муҳим аст”, - таъкид кардааст КҲФ.
Инчунин, мутахасисони кумита ба ронандагон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз идораи воститаҳои нақлиёт дар роҳҳо бо суръати баланд худдорӣ намоянд, бо худ занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд, дар ҳолати танбашавӣ ба хати муқобили ҳаракат набароянд, ба кори техникаи махсус, ки ба чош додани маводи зиддилағзиш машғул аст, монеа эҷод накунанд.
КҲФ ба ронандагон тавсия додааст, ки дар шароити номусоиди боду ҳаво бо мақсади бехатарӣ бе зарурат ба роҳ набароянд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш ва сабукрав хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар тавассути ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ аз маълумот дар бораи обу ҳаво огоҳ шаванд.