Соли 2026 тамоми деҳоти дурдасту душворгузари ВМКБ бо барқ таъмин хоҳанд шуд

Вазорати энергетика ва захираҳои об мегӯяд, ки соли 2020-ум, замоне, ки лоиҳаи Электрификатсияи деҳот" оғоз шуд, дар минтақа 61 деҳа дар ВМКБ бе барқ буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Ба иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон то соли 2026 ҳамаи деҳаҳо тавассути сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, оф тобӣ ва бодӣ бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва боэъ тимод таъмин карда мешаванд.
Ба иттило вазорат дар доираи Лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот" сохтмони 44 шабакаи худмухтори хурд бо истифодаи манбаъҳои гуногуни тавлиди неруи барқ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, 30 неругоҳи офтобӣ, 13 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи бодӣ.
“Қисме аз ин иншоотҳо, аллакай, ба фаъолият оғоз кардаанд, қисмате дар марҳилаи сохтмон қарор доранд”, - қайд кардааст вазорат.
Зикр карда шудааст, ки айни замон, бо мақсади идоракунии сарбории соатҳои авҷ дар шабакаи асосии ВМКБ ва баланд бар доштани иқтидори умумии насбшудаи система, сохтмони бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар ҳудуди вилоят (бо иқтидори 3 МВт) дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон дар назар гирифта шудааст.
Вазорати энергетика гуфт то соли 2030 талабот ба неруи барқ 31% афзоиш меёбад
“Зиёда аз 80 фоизи корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи офтобӣ аллакай, анҷом ёфтаанд”, - қайд кардааст вазорати энергетика.
Ин ниҳоди давлатӣ зикр кардааст, ки ин ба як фалсафаи нави таъминоти неруи барқ табдил ёфтааст, ки деҳаҳои баландкӯҳ ҳоло новобаста аз дарёҳои асосӣ ё шароити обу ҳаво нерӯи барқи мустақил мегиранд.