Сохтмони калонтарин пул ва таъмири 236 км роҳҳо дар Тоҷикистон

Соли 2025 ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 млрд сомонӣ, роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёт ба истифода дода шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Соли 2025 дар Тоҷикистон сохтмони калонтарин пул оғоз шуда ва ба маблағи беш аз 5,4 млрд сомонӣ 236 км роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Дар ин бора, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гузориш додааст.
Ҳамин тавр, роҳҳои "Обигарм – Нуробод" ва Роғун ба дарозии умумии 87 км, 109 км роҳи "Қалъаихумб – Ванҷ", 40 км роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зиддитармавӣ ба дарозии 13 км аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд.
Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, моҳи ноябр аз ҷониби президент дар вилояти Суғд се қитъаи роҳи автомобилгарди
"Деҳмой – Конибодом", яъне "Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров",
"Бобоҷон Ғафуров -Хистеварз",
"Кучкак — Конибодом" ба истифода дода шуданд.
Тибқи гузориши Вазорати нақлиёт, феълан бунёди 50 км роҳи "Данғара – Гулистон", 33 км роҳи "Гулистон – Фархор" ва боз 12 км роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 млрд сомонӣ идома дорад.
Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи истифодаи долони нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд