Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи истифодаи долони нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд

Тоҷикистону Узбекистон дар бораи истифодаи долони нақлиётӣ ва таъсиси маркази логистикӣ хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбекистон лоиҳаи озмоиширо барои истифодаи долони мултимодалии "Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон - Туркия - Аврупо" фаъол мегардонанд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Дар доираи ин лоиҳаи озмоишӣ корвони иборат аз 10 мошини пурбор аз Узбекистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ҷониби Чин роҳсипор мешавад.
Дар ин хусус вазирони нақлиёти ду давлат- Азим Иброҳим ва Илҳом Маҳкамов зимни музокироти охир ба мувофиқа расиданд.
Намояндаи Узбекистон дар фаъолияти Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ, ки дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст, иштирок хоҳад кард.
Дар якҷоягӣ Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд ҳамлу нақлро бо Чин тавассути долони нави мултимодалӣ оғоз кунанд.
Қайд карда шудааст, ки рухсатномаҳо барои интиқоли бор дар шакли электронӣ дода мешаванд.
“Дар ин маврид дар ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 22-23 декабри соли 2025 дар Самарқанд баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки дар қолаби озмоишӣ интиқоли бор байни Узбекистон ва Чинро тавассути қаламрави Тоҷикистон бо истифода аз долони нақлиётии мултимодалии "Чин – Тоҷикистон –Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо" оғоз кунанд”, - иттилоъ додааст вазорат.
Уфа ва Тоҷикистон ният доранд маркази логистикӣ таъсис диҳанд
Долони мазкур соли 2022 дар Душанбе, дар ҷараёни Конфронси байналмилалии "Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа" муаррифӣ гардида буд.
Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки қобилияти гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартепа — Саразм", ки дар қаламрави ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, дар сарҳади Узбекистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, зиёд карда шавад.
Дар он ҷо Маркази нави логистикӣ таъсис дода мешавад, ки метавонад дар як шабонарӯз то 100 мошини боркашро бо сабти фаврии санаду ҳуҷҷатҳо гузаронад.
Ғайр аз ин, дар наздикии сарҳад Маркази ташхис барои хизматрасонии тиббии ҳамарӯза ба 150-200 нафар муроҷиаткунанда, ҳамчунин маҷмааи савдо барои 800 соҳибкор таъсис дода мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз хизматрасонии тиҷоратӣ ва тиббӣ "бе гузаштани назорати шиноснома, ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ ва навбатҳои тӯлонӣ" истифода баранд.
Комиссия инчунин имконияти зиёд кардани шумораи бланкҳои рухсатномаҳоро барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва интиқоли онҳо дар шакли электронӣ баррасӣ кард.