Муттақӣ: Таҳқиқоти ҷаддӣ дар бораи рӯйдодҳои марзӣ бо Тоҷикистони оғоз шуда аст

Вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* аз оғози таҳқиқоти ҷиддӣ дар бораи рӯйдодҳои амниятӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Амирхон Муттақӣ вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* ахиран эълон кард, ки баъзе ҳалқоти муғриз дар пайи барҳам задани равобити ду кишвар ҳастанд.
“Нигаронии мо ин аст, ки бархе ҳалқот муғриз талош доранд то равобити дӯстона миёни ду кишвари ҳамсояро бар ҳам бизананду вазъиятро ноамн ҷилва диҳанд", - гуфт Амирхон Муттақӣ, ахиран дар нишастӣ дар Кобул.
Вай аз гуфтугу дар ин хусус бо ҳамтои тоҷикистонии худ хабар дод.
Оқои Муттақӣ афзуд, ки ду кишвар дар талош ҳастанд то барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳаводисе, аз наздик ҳамкорӣ кунанд.
Вай бори дигар таъкид кард, ки иҷоза нахоҳанд дод аз хоки Афғонистон алайҳи кишваре истифода шавад.
“Қасди осеб расондан ба касеро надорем, аммо осеб дидан аз сӯйи дигаронро ҳам таҳаммул намекунем", - гуфт Муттақӣ.
Ҳамзамон оқои Муттақӣ дар ин нишаст, ки зоҳиран ба ихтилофоти ҳукумати Толибон* бо Покистон ишора мекард , гуфт “мо намехоҳем ба касе осеб бирасад ва мехоҳем ҳамаи чиз аз роҳи тафоҳум ҳал шавад, аммо тарафи муқобил низ бояд ният хуб дошта бошад ва ба гуфтугу боварманд бошад".
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ду марзбон ҳалок шуд: даргирии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* афзуд аз арзишҳои худ дифо мекунем ва намехоҳем кишвари мо майдони рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ шавад.
Бояд гуфт, ки ду рӯз пеш дар ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ, ки гуфта мешавад аз хоки Афғонистон сурат гирифт, ду марзбони Тоҷикистон кушта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳукумати Толибонро* ба расмият намешиносад , аммо ду тарафи дидорҳо ва рафту омадҳои сиёсӣ доштаанд.
Моҳи гузашта, ҳайатӣ аз мақомҳои Тоҷикистон ба Кобул сафар карда буд.
Дар ҳоли ҳозир, сифорати Афғонистон дар Душанбе тавассути сафири ҳукумати пешин идора мешавад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.