ДУШАНБЕ, 30 дек - Sputnik. Дар соли 2025 ҷаҳон талафоти ҷуброннопазирро аз сар гузаронд: бисёр шахсони барҷаста аз олам даргузаштанд - ҳунармандон, овозхонҳо, мусиқинавозон, олимон, ки миллионҳо нафар онҳоро дар ёд доранд.
Дар Тоҷикистон дар соли 2025 чандин чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг, собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ ва мақомдорони баландпоя ҷони худро аз даст доданд.
Сабаби даргузашти аксарият беморӣ буда, бархеи дигар бо амри тақдир ҷон ба ҳақ супурданду, чанде ҳам дар паи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.
Sputnik Тоҷикистон ба ёд овард, ки соли сипаришуда, кадом чеҳраҳои мондагорро аз миёни мо гулчин кард.
Даргузашти варзишкорони моҳир
Соҳаи варзиши Тоҷикистон дар соли 2025 талафоти бузург дошт. Собиқадорони футболу муштзанҳои моҳир ин дунёро падрӯд гуфтанд. Сабаби марги ҳамаи варзишкорон, беморӣ гуфта шуд.
Ҳамин тавр, собиқадори футболи тоҷик Олег Хаби дар синни 85-солагӣ даргузашт. Марҳум дар Маскав муддати тӯлонӣ бемор буд. Хаби устоди варзиши ИҶШС буда, ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Аз соли 1962 то соли 1972 дар бошгоҳҳои "Энергетик"-и Душанбе ва "Помир"-и лигаи дуюм ва якуми класси "А"-и ИҶШС баромад карда, дар 261 вохӯрӣ 14 гол задааст.
Пас аз анҷоми корномаи бозигарӣ, Хаби ба ҳайси мураббӣ дар "Помир", "Ротор"-и Волгоград ва "Локомотив"-и Маскав фаъолият намудааст.
Собиқадори дигари футболи тоҷик Сергей Арслонов, дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузашт.
Сергей Арсланов
© Foto / ФК "Бунёдкор"
Арслонов дар гузашта дар тими “Помир”-и Душанбе бозӣ мекард ва соли 1988 дар ҳайати даста ғолиби Лигаи якуми ИҶШС гардидааст.
Варзиши тоҷик Фаррух Ҳамдамов, мураббии шоистаи тоҷик ва устоди варзиши СССР оид ба боксро дар синнӣ 60-солагӣ, аз даст дод.
Фаррух Хамдамов
© Foto / Соцсети
Ҳамдамов 17 ноябри соли 1964 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, дар корномаи варзишияш 290 набард ва 240 пирӯзӣ дорад. Ӯ тайи солҳои охир ба тамрину омодасозии муштзанҳои ҷавон машғул буд.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Дар қиёс бо варзишкорон, ки ҷони худро аз сабаби беморӣ дар синни наонқадар бузургсолӣ аз даст доданд, собиқадорони ҶБВ умри дароз диданд. Корномаи қаҳрамононаи онҳо барои ҳамаи насли имрӯз намунаи ибрат боқӣ хоҳад монд.
Ҳамин тавр, бо амри тақдир, охирин иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Мастчоҳ Ҳотамбек Шокиров дар синни 99 даргузашт.
Хотамбек Шокиров
© Sputnik
Мухтор Заргаров, собиқадори ҷанги Душанбе, дар синни 101-солагӣ аз олам даргузашт. Бо марги ӯ дар пойтахти Тоҷикистон танҳо як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ монд.
Инчунин, собиқадори меҳнат, Карим Рашид дар синни 113-солагӣ, аз олам даргузашт. Карим Рашид соли 1912 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1942 ба ҷанг рафта, дар муҳорибаи шаддиди Сталинград иштирок ва дар ҳайати полки 204-уми артиллерии фронти якуми Украина ҷангида, то ба Прага ва Берлин рафтааст.
Карим Рашид
© Sputnik
Ҳамчунин, Олег Соболев, собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар синни 17-солагӣ ба фронт рафт, низ оламро падрӯд гуфт. Қаҳрамони дифои Ленинград ва набардҳо барои озод кардани Прага, яке аз мухбирони куҳансоли ҷумҳурӣ, ки беш аз 50 сол дар Агентии телеграфи Тоҷикистон (ҳоло "Ховар") кор кардааст, дар иҳотаи оилааш аз олам чашм пӯшид.
Олег Соболев
© Foto / Пресс-служба ЦВО
Дар соли 2025, дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ҳафт собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузаштанд. Аз ҶШС Тоҷикистон 300 ҳаз. нафар барои дифоъ аз ватани худ ба фронт даъват шуда буданд, ки аз онҳо тақрибан 100 ҳаз. нафар дигар ба хона барнагаштанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 12 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.
Даргузашти аҳли илми фарҳанг
Талафоти бузарг дар соли 2025 дар Тоҷикистон дар соҳаи илму фарҳанг ба қайд гирифта шуд. Бо сабабҳои гуногун олимон, нависандагон ва шахсиятҳои фарҳангӣ аз олам даргузаштанд, ки ин барои ҷумҳурӣ талафоти ҷуброннопазир гардид.
Ҳамин тавр, раққоса ва балетмейстери барҷастаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон Гавҳар Мирҷумъаева дар синни 84-солагӣ даргузашт. Ба корномаи санъати ҳунарманди халқӣ рақсҳои фарҳангии гуногун дохил шуда, санъати миллиро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ кардааст.
Гавхар Миржумаева
© Foto / Соцсети
Ҳамчунин, нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи шинохтаи тоҷик Ҳабиб Саид, ки дар Русия ба сар мебурд, даргузашт.
Хабиб Саид
© Foto / Из личного архива Хабиба Саида
Ӯ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ менавишт, китобҳои "Гуманоид субҳгоҳон пайдо мешавад" ва "Итолиёвӣ, хола ва Золушка"-ро навиштааст ва яке аз он камшумороне буд, ки дар солҳои охир ҳаёти худро ба омӯзиш ва таблиғи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла мусиқии анъанавӣ, бахшидааст. Ҳабиб писари нависандаи машҳури тоҷик Лутфӣ Саид буд.
Ромиши Шералӣ писари шоири маъруф Лоиқ Шералӣ дар синни 54 солагӣ дар паи бемории қалб, аз дунё даргузашт. Ӯ солҳои зиёд ба кор бо китобҳо, таҳрир ва тарроҳии нашрияҳо машғул буд.
Лоик Шерали с Ромишем Шерали
© Foto / Из личного архива Шерали
Светлана Ивановна Герасименко астрофизики шинохтаи Шӯравию Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Вай яке аз кашшофони ситораи думдор Чурюмов-Герасименко буд.
Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Тоҷикистон ба Душанбе кӯчид. Вай ҳамчун корманди илмӣ дар институт кор мекард ва ситораҳои думдорро мушоҳида менамуду меомӯхт. Соли 2017 Герасименко ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Синоро ба даст овард.
Донишманди дигари тоҷик - Азим Байзоев устоди ДМТ дар синни 65 солагӣ даргузашт. Байзоев муаллифи чанд китоби дарсӣ дар бораи омӯзиши хатти ниёгон ва чандин осори илмӣ дар бораи низоми таҳсил дар Тоҷикистон буд.
Азим Байзоев
© Foto / Соцсети
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев дунёро дар синни 70 падруд гуфт.
Ӯ дар намоишномаҳои театрӣ ба монанди "Ҳамлет", "Корвони бахт", "Ҳодисаҳои ғайриоддӣ", "Қолини кабуд", "Подшоҳ Лир", "Роҳзанон", "Мардон гиря намекунанд", "Ҳангоми хоби шаҳр" ва "Ғуруби аҷиби офтоб" бомуваффақият нақш офаридааст.
Раҳматуллоев инчунин дар беш аз 21 филм, аз ҷумла филмҳои байналмилалӣ, нақш бозидааст. Соли 1998 ба ӯ унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 2005 Ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ дода шуд.
Ҳунарпешаи дигари мардумии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов, ки Мардонов, ки асосан дар театрҳои Лоҳутӣ ва Оина фаъолият дошт, дар синни 85-солагӣ дунёро тарк кард.
Саидмурод Мардонов
© Foto / Соцсети
Ӯ дар беш аз 100 намоишномаи театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз кӯдакӣ, нақшҳои ҳаҷвии Мардонов дар Тоҷикистон хотираҳои хуш боқӣ гузоштаанд.
Тамара Абдушукурова, профессор ва собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар синни 85-солагӣ даргузашт.
Тамара Абдушукурова
© Foto / Открытые источники
Вай аз студияи тоҷикии Институти санъати театрии Русия (ГИТИС) хатм карда, солҳои тӯлонӣ дар театри Лаҳутӣ дар Душанбе кор кардааст. Абдушукурова инчунин дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон дар кафедраи театр ва санъат дарс додааст. Вай аз соли 1990 то 1992 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Вазорати фарҳанг марги Абдушукуроваро талафоти ҷуброннопазир барои санъат номид.
Ҳамчунин, Абдулқодири Раҳим, рӯзноманигор, шоир ва нависандаи хушноми тоҷик дар синни 64-солагӣ даргузашт. Ӯ дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла дар "Ҷумҳурият" аз соли 1993 ин ҷониб фаъолият дошт.
Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури "Дурӯғи шабнам" (1993), "Чароғи ошноӣ" (1997), "Ҷилваи як нола" (1998), "Нусхаи парешонӣ" (2000), "Рӯшноӣ" (2003), "Фиреби меҳр" (2003), 'Хилвати Оина" (2005), "Духтари афсонаҳо" (2006) гирд омадаанд.
Абдулкодир Рахим
© Foto / Соцсети
Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Кароматулло Мирзо дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ яке аз сермаҳсултарин нависандагони адабиёти муосири тоҷик буд. Осори ӯ дар байни олимон ва хонандагони тоҷик хеле маъмул боқӣ мемонад.
Озод Маликов - коргардони тоҷик бошад, дар синни 60 ин оламро падруд гуфт. Ӯ узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд.
Марҳум хатмкардаи факултети театрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Мактаби коргардонии Амстердам буда, дар театр- коргоҳи "Нимҷазира", "Тоҷикфилм", телевизиони “Тоҷикистон” фаъолият кардааст.
Озод Маликов
© Foto / Соцсети
Мақомдорони баландпоя
Дар соли 2025, якчанд мансабдорони собиқ ва кунунӣ вафот карданд. Аксари онҳо аз беморӣ ва баъзеи дигар дар садамаҳои нақлиётӣ фавтиданд.
Ҳамин тавр, директори "Тоҷикстандарт" Темурҷон Абдулваҳобзода дар паи беморӣ даргузашт. Абдулваҳобзода аз соли 2020 роҳбарии "Тоҷикстандарт"-ро ба уҳда дошт.
Темурджон Абдулвахобзода
© Sputnik / Амир Исаев
Ҳамчунин, Сафаралӣ Наҷмиддин, собиқ вазири молияи Тоҷикистон низ имсол ҷон ба ҳақ супурд.
Сафарали Наджмиддинов
© Foto / Радио Озоди
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ӯ муддати тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Марҳилаи калидии фаъолияти Сафаралӣ Наҷмиддин давраи вазири молияи кишвар буд, ки ӯ дар ин вазифа 13 сол, аз соли 2000 то 2013, кор кардааст. Барои хизматаш бо ордени Шараф дараҷаи якум сарфароз гардонида шудааст.
Шарифзода Бадриддин, судяи суди вилояти Суғд, зимни як сонеҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ даргузашт. Марҳум фарди ботаҷриба дар низоми додгоҳии Тоҷикистон буда, тақрибан 30 сол дар ин соҳа дар мақомҳои гуногун фаъолият дошт.
Шарифзода Бадриддин
© Foto / Соцсети
Генерал-полковник, Иззатулло Шарифзода, собиқ сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон маъруф бо лақаби "Зорро", дар синни 72 солагӣ даргузашт. Марҳум муддати 8 сол, аз соли 1997 то 2005 ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ фаъолият доштааст. Баъдан то соли 2018 роҳбарии идораи зиндонҳои Тоҷикистонро ба уҳда доштааст.
Иззатулло Шарифзода
© Foto / Соцсети
Ҳамчунин дар соли 2025 собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон Турсунбой Раҳматов аз олам чашм пӯшид.
Турсунбой Рахматов
© Foto / Соцсети
Соли 1992 ӯ ба ҳайси шаҳрдори Хуҷанд кор кардааст. Соли 2001 ӯ роҳбари Вазорати кишоварзии Тоҷикистон шуд. Аз соли 2004 то 2008 ба ҳайси раиси ноҳияи Мастчоҳ роҳбарӣ мекард.