ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Сафири Ҳиндустон дар Русия Винай Кумар изҳор дошт, ки мақомоти Ҳиндустон мехоҳанд муколамаро бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) барои суръат бахшидани имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тақвият диҳанд.
"Музокирот моҳи ноябр оғоз ёфт ва даври аввал аллакай баргузор шудааст. Ман мегӯям, ки ҳарду ҷониб ҳадафҳои худро ба таври возеҳ дарк мекунанд ва иродаи сиёсии ноил шудан ба онҳоро доранд. Аз ин рӯ, мо умедворем, ки натиҷаҳои зуд ба даст меоянд", - гуфт Кумар.
Ба гуфтаи дипломат, ҳадафи асосии Ҳиндустон бартараф кардани номутавозинии тиҷорати мутақобила бо кишварҳои ИИАО тавассути афзоиши содироти Ҳиндустон мебошад.
Қайд карда мешавад, ки имзои созишнома ба соҳибкорони рус имкон медиҳад, ки ба бозори дорои аҳолии тақрибан 1,5 миллиард нафарӣ аст, дастрасии имтиёзнок пойдо намояд.
Русия махсусан ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Ҳиндустон барои танавӯъи бахшии содироти худ манфиатдор аст.
Марҳилаи аввали музокирот 28 ноябр дар Деҳлии Нав баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини вазири саноат ва тиҷорати Ҳиндустон Раҷеш Агравал гуфт, ки музокирот дар бораи имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Ҳиндустон як қадами хубест, ки ба густариши тиҷорат мусоидат мекунад.
"Музокирот дар бораи созишномаи тиҷорати озод бо ИИАО, ки мо ба наздикӣ ҳафтаи гузашта оғоз кардем, як қадам дар самти дуруст аст, ки имкониятҳои нави тиҷоратиро фароҳам меорад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Агравал, ин созишнома "пешгӯии дарозмуддати иқтисодиро дар ҳарду ҷониб, самаранокии дарозмуддат аз ҷиҳати тарифҳо ва роҳе барои бартараф кардани монеаҳои ғайритарифиро таъмин мекунад".