Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Имкони ҳалли низоъ ҳаст: Трамп гуфт, аз сафари Зеленский чиро интизор аст

Трамп бар ин аст, ки зимни сафари Зеленский имкон дорад, низоъ дар Украина ҳал шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп имкони ба даст овардани созиш бо Владимир Зеленскийро зимни мулоқоте, ки рӯзи якшанбе баргузор мешавад, аз воқеият дур намеодонад.
Дар ин бора, рӯзномаи New York Post хабар медиҳад.
Рӯзнома аз суханони президенти ИМА дар посух ба савол дар бораи дурнамои ба даст овардани созиш ҳангоми сафари Зеленский ба Мар-а-Лаго рӯзи якшанбе иқтибос меорад:
"Хуб, ман фикр мекунам, ки мо имкони хубе барои ин дорем".
Худи Трамп ва Кохи Сафед ҳанӯз сана ва макони дақиқи мулоқоти эҳтимолиро тасдиқ накардаанд, гарчанде ки президенти ИМА гуфтааст, ки ин мулоқот ба зудӣ ба нақша гирифта шудааст. Раҳбари Амрико аз 20 декабр дар Флорида аст.
Пештар Трамп изҳор дошт, ки пешниҳодҳои Владимир Зеленский барои ҳалли низоъ дар Украина бе тасдиқи ӯ бемаънӣ ҳастанд. Бо вуҷуди ин, раҳбари Амрико изҳори итминон кард, ки мулоқоти пурсамар метавонад дар охири ҳафтаи ҷорӣ, бидуни зикри макон ва вақти он, баргузор шавад.
Ӯ афзуд, ки ба зудӣ бо Владимир Путин сӯҳбат хоҳад кард. Чунон ки муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков изҳор дошт, нақшаи Киев барои ҳалли низоъ аз нақшаи муҳокимашуда бо ҷониби Амрико ба таври назаррас фарқ мекунад.

Баррасии нақшаи сулҳи ИМА

Аввали моҳи декабр Путин фиристодаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф ва домоди Трамп Ҷаред Кушнерро дар Кремл қабул кард. Ду тараф тақрибан панҷ соат моҳияти ташаббуси сулҳро баррасӣ карданд, аммо ба созиш нарасиданд.
Чунон ки президенти Русия баъдтар изҳор дошт, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки қариб ҳар яки онҳоро баррасӣ кардааст ва масъалаҳое ҳастанд, ки Маскав бо онҳо розӣ нест.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Суолҳо зиёданд": Киев аз иқдоми нави Зеленский дар ҳайрат аст
Сипас, дар Берлин музокирот байни ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Украина баргузор шуд. Гуфта шуд, ки пас аз ин музокирот кишварҳои Ғарб розӣ шуданд, ки кафолатҳои амниятиро монанд ба моддаи 5-уми Оинномаи НАТО пешниҳод кунанд.
Ба гуфтаи сарвазири Лаҳистон Доналд Туск, амрикоиҳо дар иваз аз Киев имтиёзҳои қаламравӣ талаб карданд. Ҳафтаи гузашта, директори генералии RDIF Дмитриев бо Уиткофф ва Кушнер дар Майами ду даври дигари музокирот баргузор кард.
Ба гуфтаи Кремл, намояндаи махсуси Русия дар бораи тамосҳои Вашингтон бо украинҳо ва аврупоиён маълумот гирифт. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президент, изҳор дошт, ки Маскав мавқеи минбаъдаи худро дар бораи созиш дар асоси маълумоти гирифташуда, ки мундариҷаи он ифшо намешавад, таҳия хоҳад кард.