ДУШАНБЕ, 27 дек - Sputnik. Русия ният дорад, ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон супурдани силоҳ ва таҷҳизоти низомиро идома диҳад.
Дар ин бора сафири Русия дар Душанбе Семён Григорьев дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.
"Интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ барои артиши Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқшуда идома хоҳад ёфт", - гуфт ӯ.
Дипломат таъкид кард, ки Русия шарики калидӣ дар тақвияти қобилияти мудофиавии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.
Григорьев инчунин ҷанбаҳои муҳими дигари ҳамкории дуҷонибаро қайд кард. Аз ҷумла, Русия барои Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Вазорати дифои Русия омӯзиши ройгони низомӣ пешниҳод кардааст.
Унсури дигари ҳамкорӣ машқҳои мунтазами муштарак мебошанд, ки ҳар сол дар як майдони тамринӣ дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор мешаванд ва таваҷҷӯҳи амалии шарикиро ба таъмини амнияти минтақавӣ таъкид мекунад.
Қаблан Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳаҷми таҷҳизоти низомиро барои Тоҷикистон тасдиқ карда буд - интиқоли эҳтимолии онҳо аз Русия, Беларус ва Қазоқистон аллакай мувофиқа шудааст.