Маълум шуд, ки кишварҳои ИИАО аз созишнома бо Индонезия чӣ суд мебинанд

Созишномаи дахлдор дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Индонезия ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як минтақаи озоди тиҷоратиро таъсис медиҳанд.
Дар ин бора дар Telegram-канали Вазорати саноат ва савдои Русия хабар дода мешавад.
Ин ниҳоди федеролӣ шарҳ дод, ки созишнома ба содирот чӣ гуна таъсир мерасонад.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва савдо, созишнома ба коҳиш ва лағви минбаъдаи боҷи гумрукии воридотии Индонезия ба тақрибан 94% молҳои кишварҳои узви ИИАО мусоидат мекунад.
Як қатор расмиятҳо, аз ҷумла, стандартҳои техникӣ, қоидаҳои санитарӣ, қоидаҳои муайян кардани аслияти мол низ сода карда мешаванд.
ИИАО стратегияи тиҷорати хориҷияш то соли 2030-ро тасдиқ кард
Илова бар ин, созишнома гуногунрангии тиҷорат ва рушди кооператсияи саноатиро таъмин хоҳад кард.
Вазорати саноат ва савдо қайд мекунад, ки дастрасии имтиёзнок ба як қатор ашёи тиҷоратӣ дода мешавад.
Маҳсулоти металлӣ, нафтӣ, нуриҳои маъданӣ, полимерҳои ибтидоӣ, маҳсулоти ҷангал, техникаи бинокорӣ, навъҳои гуногуни таҷҳизот дохил мешаванд.
Инчунин интизор меравад, ки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созишномаи қабулшуда ба гардиши мол байни кишварҳои ИИА ва Индонезия дар давоми се то панҷ соли оянда ду баробар афзоиш ёбад.
Гузашта аз ин, ин созишнома ба таҳкими ҳузури иқтисодии Русия дар минтақа мусоидат мекунад. Санади танзимкунандаи ин созишнома 21 декабри соли 2025 дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург ба имзо расид.