ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Русия аз ҷиҳати аслиҳа ва теъдоди нерӯҳо бартарии назаррас дорад.
Дар ин бора собиқ таҳлилгари Хадамоти кашшофии марказии ИМА Ларри Ҷонсон дар канали YouTube-и профессори Донишгоҳи Ҳелсинки Гленн Дизен изҳор дошт.
"Русҳо ҳоло ҳам аз лиҳози теъдоди нирӯҳо ва бартарияти онҳо дар системаҳои мухталифи аслиҳа ва ҳам ба далели коҳиши якбораи теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва коҳиши яксони кумакҳои Ғарб аз замони оғози амалиёти вижаи низомӣ дар мавзеъи қавитаре ҳастанд",- гуфт вай.
Таҳлилгар қайд кард, ки ягон омиле вуҷуд надорад, ки ба Украина бартарӣ диҳад ва ё ба фишанги он дар раванди музокирот мусоидат кунад.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки нокомиҳо дар ҷабҳа бояд ҳоло Украинаро ба сари мизи музокирот тела диҳад.
Гузашта аз ин, Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ қайд кард, ки воҳидҳои украинӣ талафот дида, самаранокии ҷангии худро зуд аз даст медиҳанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 14 декабр дар мусоҳиба бо "India Today" изҳор дошт, ки ё манотиқи таҳти идораи Киев бо зӯрӣ озод карда мешаванд ва ё нерӯҳои украинӣ тарк карда, аз куштори мардум дар он ҷо даст мекашанд.
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.