Дар Санкт-Петербург ба Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев ҷоизаи сулҳ доданд

Ба роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург ҷоизаи сулҳ супурда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар вазъияти тантанавӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд.
1 / 4
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
2 / 4
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
3 / 4
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
4 / 4
Маросими сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой
Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.
Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.
Моҳи сентябри соли равон бо қарори ҳайати доварони Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ҷоиза ба Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи байналмилалии Лев Толстой пешбарӣ шуд
Тавре кумитаи тадорукоти ҷоиза зикр кард, раҳбарони се кишвар барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо ин ҷоизаи фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.
Онҳо ёдовар шуданд, ки рӯзи 31 март миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишварро ба имзо расониданд ва расмиёти ҳуқуқии сарҳадҳои умумиро пурра анҷом доданд.
“Онҳо дар таъмини амнияти умумӣ ва баробар бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва ҳамкории байни халқҳо саҳми арзанда гузоштанд”, - қайд кардаанд дар кумитаи тадорукоти ҷоиза.
Бояд қайд кард, раисҷумҳури Тоҷикистон 21 декабр бо як сафари корӣ ва иштирок дар ҷаласаи ғайрирасмии ИДМ озими шаҳри Санкт-Петербург шуд.