Черишев: Бозии Русия ва Тоҷикистон фикри хуб аст

Дмитрий Черишев, сармураббии дастаи "Равшан"-и Тоҷикистон, андешаҳои худро дар бораи бозии эҳтимолии дӯстона байни дастаҳои миллии Русия ва Тоҷикистон баён кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Бозигари собиқи дастаи миллии Русия ва ҳоло сармураббии дастаи "Равшан" Дмитрий Черишев дар бораи бозии эҳтимолии мунтахабаи Русия бо Тоҷикистон гуфт, ки ин фикри хуб аст.
"Пешниҳодия баргузории бозӣ байни мунтахаби Русия ва Тоҷикистон аҷиб аст. Чаро не? Ман дар ин ҳеҷ бадӣ намебинам. Агар бозӣ дар Душанбе баргузор шавад, варзишгоҳ пур хоҳад буд", - гуфт Черишев ба Metaratings.ru.
Вай таъкид кард, ки ҳоло вақти он расидааст, ки Русия аз нигоҳи футбол ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
"Дар он ҷо бозигарон ва дастаҳои ҷолиби зиёде ҳастанд. Дар шароити кунунӣ, онҳо метавонанд ба рақибони эҳтимолии дастаи миллии Русия табдил ёбанд", - гуфт Черишев.
ФИФА гуфт омодааст барои рушди футбол дар Тоҷикистон кунад
Дар соли 2025, Русия даҳ бозии дӯстонаи анҷом дод, ки дар шаштоаш пирӯз шуд, яктоашро бохт ва сетоашро мусовӣ кард.
Дастаи Валерий Карпин аз моҳи феврали соли 2022 аз мусобиқаҳои УЕФА ва ФИФА маҳрум шудааст.