ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, изҳори итминон кард, ки муқаррароте, ки аврупоиҳо ва украинҳо кӯшиш мекунанд, ба нақшаи сулҳи ИМА ворид кунанд, барои барқарор кардани сулҳи дарозмуддат мусоидат намекунад.
"Ман комилан итминон дорам, ки муқаррароте, ки аврупоиҳо ва украинҳо ҷорӣ кардаанд ва кӯшиш мекунанд, ки ворид кунанд, ба таври возеҳ ҳуҷҷатҳоро вайрон мекунанд ва имкони ба даст овардани сулҳи дарозмуддатро халалдор мекунанд", - гуфт Ушаков.
Ҳамчунин оқои Ушаков гуфт, ки пас аз мулоқотҳо дар Берлин ҳуҷҷатҳоро дар бораи нақшаи ИМА надидааст.
Ёвари президенти Русия, қайд кард, ки пас аз музокироти ИМА бо Аврупо ва Киев, то ҳол ягон ҳуҷҷати ИМА-ро дар бораи ҳалли сулҳ надидааст.
"Мо тавассути матбуот сигналҳо гирифтем. Ман шахсан худам ягон ҳуҷҷатро надидаам", - гуфт Ушаков ба хабарнигорон.
Баррасии нақшаи сулҳи ИМА
Дар гузашта Владимир Путин дар Кремл Уиткофф ва домоди Трамп, Ҷаред Кушнерро, ба ҳузур пазируфт. Ду тараф тақрибан панҷ соат дар бораи моҳияти ташаббуси сулҳи Амрико сӯҳбат карданд, аммо ҳанӯз созиш пайдо нашудааст.
Тавре ки раҳбари Русия баъдтар изҳор дошт, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим кард ва пешниҳод намуд, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд.
Ӯ шарҳ дод, ки қариб ҳар яки онҳоро баррасӣ кардааст ва "масъалаҳое буданд, ки Маскав бо онҳо розӣ набуд".
Дар навбати худ, Зеленский рӯзи душанбе ба Бритониё сафар кард ва дар он ҷо пешниҳоди Амрикоро бо Стармер, Макрон ва Мертс муҳокима кард. Тибқи иттилои расонаҳои Украина, пас аз мулоқот, ӯ бори дигар аз гузашт дар масъалаи қаламрав, худдорӣ кардааст.
Ба иттилои Axios, як рӯз пеш Киев ба пешниҳоди охирини ИМА барои ҳалли буҳрони Украина посух фиристод.