ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik.Мудири иттилооти миллии ИМА Тулси Габбард изҳор дошт, ки "давлати пинҳонӣ" мехоҳад Иёлоти Муттаҳидаро ба низои мусаллаҳона бо Русия кашад ва ба раванди сулҳи Украина халал расонад.
"Онҳо барои сафед кардани идомаи ҷанг ва халалдор кардани талошҳои президент Трамп барои ноил шудан ба сулҳ тарс ва ҳаяҷонро афрӯхта истодаанд ва дар ин ҳолати мушаххас, онҳо ин корро бо ҳадафи ҷалби артиши ИМА ба низои мустақим бо Русия анҷом медиҳанд, ки дар ниҳоят он чизест, ки Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО мехоҳанд", - гуфт Габбард зимни суханронии худ дар чорабиние, ки аз ҷониби созмони муҳофизакори Turning Point USA баргузор шуд.
Роҳбари иттилооти миллӣ қайд кард, ки музокироти сулҳ дар Украина айни замон идома дорад.
"Дар тӯли чанд моҳи охир, ман дидам, ки ҳар вақте ки пешрафт ба даст меояд ва умед ба сулҳ меафзояд,ҷангхоҳон пешсаф мешаванд ва ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то аз он пешгирӣ кунанд", - афзуд Габбард.
Маъмурияти ИМА қаблан таҳияи нақшаи ҳалли низоъи Украинаро эълон карда буд. Кремл изҳор дошт, ки Русия барои музокирот боз аст ва ба музокироти Анкориҷ содиқ мемонад.
2 декабр президенти Русия Владимир Путин Уиткофф ва Кушнерро дар Кремл ба ҳузур пазируфт. Сафари намояндагони ИМА ба Русия ба муҳокимаи нақшаи сулҳи ИМА барои Украина рабт дошт. Ба гуфтаи Путин, ҷониби Амрико 27 бандро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков музокироти Кремлро хеле пурмазмун номид ва афзуд, ки тамосҳо байни Русия ва ИМА идома хоҳанд ёфт. Ушаков инчунин қайд кард, ки муваффақиятҳои низомиёни Русия дар майдони ҷанг ба раванд ва хусусияти музокирот таъсири мусбат расонидаанд.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, инчунин изҳор дошт, ки режими Киев бояд тасмим бигирад ва ба сари мизи гуфтушунид нишинад.