Тоҷикистону Қирғизистон ифтитоҳи консулгарии генералӣ дар Хуҷанду Ошро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Қирғизистон омодагии худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи консулгарӣ тасдиқ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Масъалаи боз кардани консулгариҳои генерлӣ дар мулоқоти Сейтек Ҷумъақодир уулу, директори Департаменти консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтраи матбуоти вазорати корщои хориҷии Қирғизистон хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки дар рафти музокирот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории консулгарии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, онҳо татбиқи дастурҳои сарони давлатҳои ҳарду кишварро дар бораи таъсиси консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Ош ва Хуҷанд баррасӣ карданд.
Тоҷикистону Қирғизистон таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳамкории амалиётӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон зоҳир карда шуд.
Пас аз мулоқот, ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории фаъоли дуҷонибаро таъкид карданд ва омодагии худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи консулгарӣ тасдиқ карданд.