ДУШАНБЕ, 19 дек - Sputnik. Дар ҷаласаи 14-уми Шӯро оид ба ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзии давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона қайд кард, ки фазои ИДМ яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин бора дафтари матбоути вазорати рушди иқтисод ва саводои Тоҷикистон хабар додааст.
Вай гуфт дар ин ҷаласа ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ нақши муҳимро дар пурмазмун гардонидани тавофуқоти байнидавлатӣ мебозад.
Зикр гардид, ки гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар 10 моҳи соли 2025 ба 3,7 млрд. доллар расидааст.
Дар ин ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкории саноатӣ ва истеҳсолӣ, ташаккули роҳҳои устувори кооператсионӣ, инчунин васеъгардонӣ ва навсозии долонҳои нақлиётӣ равона гардид, ки ба баланд бардоштани иқтидори транзитии минтақа, коҳиш додани хароҷоти логистикӣ ва таъмини ҳаракати бемонеаи молҳо байни давлатҳои иштирокчии ИДМ нигаронида шудаанд.
Тоҷикистон омодагии худро бароии таҳкими минбаъдаи ҳамкории байниминтақавӣ, густариши савдои мутақобила ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи ИДМ изҳор намуд.