ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Дар яке аз мактабҳои Минск расми деворӣ, ки ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов бахшида шудааст, ифтитоҳ ёфт.
Дар ин бора Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хабар дод.
Хонандагони мактаб дар маросими кушодашавӣ иштирок карда, хотираи Азизовро бо гузоштани гулдастаҳо гиромӣ доштанд.
Домулло Азизов, зодаи Тоҷикистони Шӯравӣ, соли 1942 барои дифоъ аз ватанаш ба Артиши Сурх пайваст. Ӯро ба полки тирандозии 120-ум таъин карданд.
Барои шуҷоат ва зиракии худ, ба зудӣ фармондеҳи дастаи тирборон таъйин шуд.
Азизов дар набардҳои шадид барои озод кардани шаҳри Севск дар Фронти Беларус аз истилогарони фашистӣ фаъолона иштирок кард ва дар моҳи сентябри соли 1943 бо ордени Ситораи Сурх мукофотонида шуд.
Ӯ махсусан ҳангоми убур аз дарёи Днепр дар ноҳияи Лоеви вилояти Гомел худро нишон дод. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда аз дарё убур кард ва ба хандақи душман ворид шуд.
Сарбози Артиши Сурх бо истифода аз граната як дастаи тирборонро нобуд кард. Дастаи Азизов, ки хандақи душманро гирифта буд, се ҳамлаи шадиди муқобилро дафъ кард ва ба воҳидҳои ҳамлакунандаи шӯравӣ дар мустаҳкам кардани мавқеи худ кумак кард.
Сержанти хурд Домулло Азизов пас аз маргаш ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуд.