Бахши сохтмон дар кишварҳои ИИАО мунтазам рушд дорад

Таҳлилгарон суръати баландтаринро дар Қирғизисстон ба қайд гирифтанд - дар ин кишвар ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 28,6% зиёд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)дар даҳ моҳи соли равон 4,5% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиёи хабар додааст.
Афзоиш дар ҳамаи кишварҳои иттиҳод мушоҳида шудааст:
Арманистон – 28,3%;
Белорус – 9,5%;
Қазоқистон – 15,1%;
Русия - 4%.
Таҳлилгарон сатҳи баландтаринро дар Қирғизистон қайд карданд, ки дар он ҷо афзоиш 28,6% буд.
Узвият дар ИИАО рушди иқтисодии Молдоваро дар се соли оянда тазмин хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.