ДУШАНБЕ, 17 дек - Sputnik. Овозхон Фирӯз Паллаев дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 45 сол дошт.
Дар браи марги ӯ наздиконаш дар шабакаҳои хабар доданд.
Қайд карда шудааст, ки Фирӯз Паллаев дар зодгоҳаш дар ВМКБ ба хок супурда хоҳад шуд.
Фирӯз, фарзанди овозхони шодравон, Душанбе Паллаев мебошад, ки монанди падараш овозхониро пеша карду шӯҳратёр гардид.
Наздиконаш гуфтанд, ки сабаби марг сактаи қалб буд. Субҳи 16 декабр сароянда худро нороҳат ҳис кард ва ба беморхонаи шаҳрӣ муроҷиат кард, вале каме баъд хабари даргузашташ расид.
Падари Фирӯз, Душанбе Паллаев, соли 2017 дар синни 66-солагӣ даргузашт; овозхон низ дар натиҷаи сактаи қалб даргузашт.