ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумон гуфт, ки беш аз 90%-и маҳсулоти бозори мо аз хориҷ мебошад, бойигарии мо ба хориҷ рафта истодааст, ба осиёби дигарон об рехта истодаем.
“Масҷидҳоро сохтем, агар ҷамъ кунем аз ҳамаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ду баробар зиёд аст. Бас, мусалмониро аз мо касе намегирад, мусалмонии мо аз худамон акнун вақти илмомӯзӣ, касбомӯзӣ, ҳунаромӯхтан, баланд бардоштани сатҳи маърифати миллати тоҷик омадааст", - гуфт ӯ.
Вай гуфт, бо хурофот давлат тараққӣ намекунад, пешравиҳо аз илм аст.
Вай афзуд, бархе кишварҳое, ки ҳатто обу сабзавот надоранд, ақли пешрафта савод доранд, аммо онҳо технология ихтироъ карда имрӯз бузургтарин давлатҳои дунё аз лиҳозӣ иқтисодӣ технологӣ буда муҳтоҷи касе нестанд.
Вай таъкид кард, ки идеологияи хурофот ҳам талош дорад.
“Кушиш доранд, ки идеологияи ғаразноки худро бор кунанд. Куҷо меравем бо ин идеология. Дар ҳар як деҳа ва шаҳру ноҳияҳо бинед, ки оилаҳое, ки донишманд ҳастанд ё касбу ҳунар аҳастанд, чӣ гуна зиндагӣ доранд. Ва оилае, ки бесавод аст, оилае, ки касбу ҳунар надорад чӣ зиндагӣ дорад ва дар куҷо мегардад. Кадомаш хуб аст?”, - гуфт Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гуфт, ки аз рӯзи роҳбари давлат шуданаш то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятноки худ медонад ва дар тӯли 30 сол ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи авалиндараҷа ва доимӣ зоҳир кардааст.
“Ояндаи бо саодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаастааст, ки заминаи мустаками он имрӯз гузошта мешавад”, - гуфт ӯ.
Раҳмон илова кард, ки мақомоти кишвар маблағгузории ин соҳаи калидиро афзоиш медиҳад.
Раисҷумҳур қайд кард, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз буҷет 14 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба даҳ сол пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.