ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Дар ҷаласаи охирини Шӯрои муштараки Хадамоти гумруки кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки дар Санкт-Петербург баргузор шуд, кам кардани вақти санҷишҳои гумрукӣ дар марзҳо то 10 дақиқа баррасӣ шуд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Иштирокчиён дар ин ҷаласа 26 масъаларо баррасӣ карданд. Кам кардани муҳлдати санҷишҳо дар сарҳад яке аз масъалаҳои афзалиятнок буд.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, консепсияи истифодаи маълумоти электронии пешакӣ дастгирӣ карда шуд, ки асоси автоматикунонии пурраи назорати давлатӣ дар гузаргоҳҳои марзии автомобилӣ хоҳад буд.
Беҳтар кардани системаи идоракунии хатарҳо низ баррасӣ шуд. Қарорҳо барои баланд бардоштани самаранокии назорат, пеш аз ҳама дар робита ба арзиши гумрукӣ ва транзит қабул карда шуданд.
Ба ягонагии таснифоти маҳсулот диққати махсус дода шуд. Иштирокчиён дар бораи таснифи ҳашт номи мушаххаси маҳсулот, аз ҷумла консентратҳои минералӣ ва дастгоҳҳои ченкунии фишори хун, кор карданд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имконияти пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.