ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Аврупо мехоҳад бо мусодираи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия ба ин кишвар ҷанг эълон кунад.
Дар ин бора Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон, изҳор дошт.
Вай гуфт, ки Маҷористон ин корро дастгирӣ намекунад ва талошҳои сулҳи ИМА-ро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад.
"Аврупо мехоҳад ҷангро идома диҳад ва ҳатто васеъ кунад. Он мехоҳад дар ҷабҳаи Русия ва Украина дахолат кунад ва онро бо мусодираи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия аз лиҳози иқтисодӣ густариш диҳад. Ин қадам ба эълони ошкорои ҷанг баробар аст, ки ҷониби Русия ба он посух хоҳад дод... Маҷористон мусодираи дороиҳои мунҷамидшудаи Русияро дастгирӣ намекунад, ба Украина пул ё силоҳ намефиристад ва дар қарзҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки ба мақсадҳои ҷанг хизмат мекунанд, иштирок намекунад", - навиштааст Орбан дар Фейсбук*.
Ба гуфтаи вай, ягона стратегияи дуруст барои Аврупо дастгирии талошҳои Амрико барои барқарор кардани сулҳ дар Украина ва баргузории музокирот хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи Аврупо талош дорад кишварҳои узви ИА-ро барои истифодаи дороиҳои соҳибихтиёри Русия барои Киев розӣ намояд. Маблағи аз 185 то 210 миллиард евро ҳамчун қарз баррасӣ мешавад, ки Украина бояд пас аз анҷоми низоъ ва дар сурати "пардохти зарари моддӣ аз ҷониби Маскав" онро баргардонад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки талошҳои ИА дар бораи пардохти ҷубронпулӣ аз ҷониби Русия ба Украина ғайривоқеӣ аст, зеро Брюссел муддати тӯлонӣ ба дуздии дороиҳои Русия машғул аст.
* - Фаъолиятҳои Meta (шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram) дар Русия ҳамчун экстремистӣ дониста, манъ шудааст.