ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Ангкор (AMС–2025) аз фанни математика, 51 медал ба даст овард.
Маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа баргузор гардид, гузориш медиҳад, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и Вазорати маориф.
Гуфта мешавад, ки аз ин шумора:
14 медали тилло,
17 медали нуқра,
15 медали биринҷӣ мебошад.
Инчунин 5 навраси тоҷик бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд.
Дар ин олимпиада беш аз 1600 хонанда аз 13 кишвари Осиё иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и Вазорати маориф Муҳаммадҷон Ғафорзода иштирок намуда, дастгирии пайвастаи Ҳукуматро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намудааст.
Дастоварди дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намоянд.