ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё афзоиши назарраси истифодаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи сарвазири Русия Михаил Мишустин, ин муомилоти асъорҳои миллӣ дар киварҳои ИИАО ҳоло ба 93% расидааст.
Вай гуфт, ин натиҷа бо як қатор чораҳое, ки кишварҳои узв дар соли гузашта андешидаанд, имконпазир гардид.
Дар аввали соли 2025, кишварҳои узви ИИАО созишномаеро имзо карданд, ки тибқи он кишварҳо имкони ҷойгир кардани коғазҳои қиматнок дар биржаҳои ҳар як давлати узвро пайдо карданд.
Ин қарор ба ширкатҳо имкон дод, ки платформаҳои савдои худро озодона интихоб кунанд.
Ин имкон дод, ки пардохтпазирӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва ҳамчунин дастрасиро ба сармоя барои тиҷорат дар саросари иттиҳод содда кард.
Оқои Мишустин қайд кард, ки "кишварҳои узви ИИАО соли гузаштаро бо натиҷаҳои хуб анҷом доданд, чун нишондиҳандаҳои асосӣ рушдро нишон медиҳанд.
Мишустин ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), истеҳсоли саноатӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва гардиши чаканаи иттиҳод таъкид кард.
Ҳамчунин вай таъкид кард, ки таваҷҷӯҳ ба густариши тиҷорат бо кишварҳои берун аз иттиҳод низ афзоиш ёфтааст.