Раҳмонзода омили асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни мактаббачагонро гуфт

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри исфара маҷлис гузаронд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятиро нишон дод.
Ба таъкиди Раҳмонзода, риояи қатъии меъёрҳои санитариву эпидемиологӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии омӯзгорону хонандагон, инчунин ҳамкории доимиву судманд бо сохторҳои дахлдор яке аз омилҳои калидии пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошад.
Ин нуктаро Раҳмонзода дар шаҳри Исфара зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф таъкид кард, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ.
Зимни чорабинӣ пешгирии бемориҳои сироятӣ, таъмини муҳити солим дар дабистон ва густариши ҳамкории сохторҳои маориф бо мақомоти санитарию эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба пешгирии афзоиши бемориҳои сироятии мавсимӣ миёни хонандагон, инчунин бемориҳои сироятии вобаста ба ғизо, ҳолатҳои эҳтимолии заҳролудшавӣ ва таъсири дуди ангишт ба саломатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.
Паҳншавии зукоми шадид дар Тоҷикистон: Маркази эпидемиологӣ роҳи пешгириро нишон дод
Дар баробари ин, аз ҷониби мутахассисони соҳа ба масъулини соҳаи маориф тавсияҳои мушаххаси амалии санитариву эпидемиологӣ, аз ҷумла:
таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хонандагону волидон,
риояи қатъии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар муассисаҳои таълимӣ,
назорати сифати ғизо дар ошхонаҳои мактабӣ,
таъмин намудани синфхонаҳо бо ҳавогузаронии мунтазам ва гармидиҳии бехатар,
омодагии пурра ба мавсими зимистон ва шароити афзоиши хатари бемориҳои вирусӣ пешниҳод гардид.
Манбаъ афзуда, ки вохурӣ бо баррасии нақшаи минбаъдаи ҳамкорӣ, муайян намудани тадбирҳои зарурии зиддиэпидемикӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои маориф ва мақомоти санитарию эпидемиологӣ ҷамъбаст гардид.