Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ВАО: ИМА мехоҳад, ки Киев ба мубодилаи қаламрав бо Русия розӣ шавад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исрор меварзад, ки даст кашидани Киев аз даъвоҳои қаламравӣ ногузир аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Намояндагони маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп, бахусус фиристодаи махсуси ӯ Стив Уиткофф, исрор меварзанд, ки Киев бояд ба "мубодилаи қаламрав" ҳамчун як қисми ҳалли низоъ розӣ шавад.
Дар ИМА бовар доранд, ки ин қисми ногузири ҳама гуна созишномаи сулҳ байни Русия ва Украина аст, хабар медиҳад Financial Times бо истинод ба манбаъҳои огоҳ аз музокирот.
"Маъмурияти Трамп, бахусус Уиткофф, дар ҳафтаҳои охир ба музокиракунандагони украинӣ фишор овардаанд, то ба "мубодилаи қаламрав" розӣ шаванд, ки онҳо (мақомоти амрикоӣ - таҳрир.) онро қисми ногузири ҳама гуна созишномаи сулҳ байни Киев ва Маскав мешуморанд", - навиштааст нашрия.
Чунон ки намояндаи мақомоти Украина ба Financial Times гуфтанд, Уиткофф бар он пофишорӣ дошт, ки Киев аз даъвоҳои худ ба қисмати боқимондаи Донбасс, ки таҳти назорати Украина қарор дорад, даст кашад, ва танҳо дар ин сурат, сулҳи одилона ба даст оварда мешавад ва аз низои тӯлонӣ ва харобиовартар пешгирӣ кардан мумкин аст.
Авоили моҳи декабр, Трамп изҳор дошт, ки ба эътиқоди ӯ, шароити ҳалли низоъ дар Украина барои Киев пас аз мулоқоташ бо Владимир Зеленский ба таври назаррас бадтар шудааст.
Маъмурияти ИМА қаблан таҳияи нақшаи ҳалли низоъ дар Украинаро эълон карда буд. Кремл изҳор дошт, ки Русия барои музокирот боз аст ва ба музокироти Анкориҷ содиқ мемонад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Интиқоди Трамп аз Зеленский барои фасод дар Украина
2 декабр, президенти Русия Владимир Путин фиристодаи махсуси ИМА Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, домоди президенти ИМА ва асосгузори Affinity Partners-ро дар Кремл қабул кард. Сафари намояндагони ИМА ба Русия бо муҳокимаи нақшаи сулҳи ИМА барои Украина алоқаманд буд. Ба гуфтаи Путин, ҷониби Амрико 27 бандро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд.
Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, музокироти Кремлро пурмуҳтаво хонд ва афзуд, ки тамосҳо байни Русия ва Иёлоти Муттаҳида идома хоҳанд ёфт. Ушаков инчунин қайд кард, ки муваффақиятҳои артиши Русия дар майдони ҷанг ба раванд ва хусусияти музокирот таъсири мусбат расонидаанд.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, низ изҳор дошт, ки режими Киев бояд қарор қабул кунад ва ба гуфтушунид шурӯъ намояд. Озодии қабули қарор дар Киев дар натиҷаи амалиёти ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия коҳиш меёбад. Ин маҳз маҷбур кардани режими Киев ба ҳалли осоишта аст ва ҳар гуна амали минбаъда барои Киев бемаънӣ ва хатарнок аст.