ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими Туркманистон шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба пойтахти Тукрманистон шаҳри Ишқобод парвоз кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар кишвардорро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин низ ба Туркманистон сафар хоҳад кард. Дар давоми сафари дурӯзаи худ, раҳбари Русия як қатор мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ баргузор мекунад.