Русия содироти маҳсулоти кишоварзиро ба кишварҳои ИИАО 17% афзоиш дод

Русия ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро тақвият дода тиҷоратро ба маротиб афзоиш додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ Русия ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба маблағи 6,2 миллиард доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст, ки нисбат ба щамин давраи соли гузашта 17% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора сомонаи "Зерно Он-лайн" дар истинод ба Маркази федералии Агроэкспорт. хабар додааст
Қисми зиёди даромади содирот аз интиқол ба Беларус (45%) ва Қазоқистон (42%), ҳамчунин аз Қирғизистон (7%) ва аз Арманистон (5%) ба даст омадааст.
Ба гуфтаи ин марказ, Беларус асосан аз Русия гӯшт, равғани офтобпараст, рапс, қаннодӣ аз орд ва хӯроки гурба ва саг ворид кардааст.
Аз январ то сентябр интиқол аз 2,8 миллиард доллар зиёдтар буд, ки нисбат ба соли гузашта 27% афзоишро нишон медиҳад.
Шакар, шоколад, қаннодӣ аз орд, равғани офтобпараст ва маҳсулоти гӯштии тайёр дар байни содирот ба Қазоқистон бартарӣ доранд. Аз январ то сентябр ҳаҷми содирот 8% афзоиш ёфта, ба 2,6 миллиард доллар расид.
Вазорати саноати Ҳиндустон: Оғози музокирот бо ИИАО мувозинати тиҷоратро таъмин мекунад
Қирғизистон аз Русия равғани офтобпараст, шоколад ва қаннодӣ аз орд, гандум, шакар ва гӯшти парранда мехарад.
Дар тӯли нӯҳ моҳи аввал воридот аз 460 миллион доллар зиёдтар буд, ки 14% афзоишро нишон медиҳад.
Арманистон дар тӯли нӯҳ моҳи аввал аз Русия беш аз 320 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ ворид кард, ки нисбат ба соли гузашта 14% афзоишро нишон медиҳад.
Маҳсулоти асосӣ гандум, қаннодӣ аз шоколад ва орд, равғани офтобпараст, мурғ ва гӯшт буданд.
Инчунин, марказ хабар дод, ки гӯшт, шакар, равғани офтобпараст, гандум ва нӯшокиҳо (аз ҷумла машрубот) аз ҷиҳати даромади содиротӣ аз Русия ба ИИАО муҳимтарин гурӯҳҳои молӣ мебошанд, ки аз рӯи воридоти содиротӣ аз Русия ба ИИАО таъмин карда мешаванд.