Ифтитоҳи 30 корхонаи саноатӣ дар зарфи 11 моҳ дар шаҳри Хуҷанд

Мақомоти Хуҷанд мегӯяд сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи ҷаҳонӣ дар 11 моҳи соли равон даҳҳо корхонаи хурду миёнаи нав ифтитоҳ ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Дар 11 моҳи соли равон дар шаҳр 30 корхона бо таъсиси зиёда аз 200 ҷойи кор ба истифода дода шуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар ин давра беш аз 1,4 миллиард сомониро ташкил дод.
Мақомоти Хуҷанд қайд кардааст, ки рӯз ба рӯз содироти маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, корхонаҳо барои мавқеи устувор пайдо кардани маҳсулоти кишвар дар бозорҳои байналмилалӣ талош доранд.
Қайд карда шудааст, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба кишварҳои дуру наздик ба маблағи 318,4 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни саноатӣ содирот карданд.
Таъкид карда шудааст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имсол нисбат ба соли гузашта 20% афзудааст.
Дар МОИ "Суғд" корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақлмлти Хуҷанд хабар дода буд, ки ар шаш моҳи соли равон 23 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ба истифода дода шуд.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода буд, ки дар ҳоли ҳозир миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 321 адад расонида шуда буд.