ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Оғози музокирот дар бораи минтақаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Ҳиндустон имкониятҳои навро фароҳам месозанд.
Дар ин бора Пиюш Гоял, вазири тиҷорат ва саноати Ҳиндустон, изҳор дошт.
"Оғози музокироти дар бораи минтақаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Ҳиндустон мувозинати минбаъдаи тиҷоратро таъмин мекунад, нақши корхонаҳои хурду миёнаро тақвият медиҳад ва имкониятҳои навро дар бахшҳои гуногун фароҳам месозанд", - гуфт ӯ.
Вай бахши истеҳсолот, кишоварзӣ, электроника, нассоҷӣ ва дорусозиро дар байни соҳаҳои умедбахш ном бурд.
Дар ҷараёни 22-юмин саммити Русия ва Ҳиндустон, ки 8-9 июли соли 2024 дар Маскав, зимни сафари Моди ба Русия баргузор шуд, изҳороти муштарак ба имзо расид. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешуд, ки Русия ва Ҳиндустон барои омӯхтани таъсиси минтақаи тиҷорати озоди КИАО ва Ҳиндустон ба мувофиқа расидаанд.
Ҷониби Ҳиндустон ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар охири моҳи ноябр даври аввали расмии музокирот оид ба ин созишномаро баргузор карданд.