Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Расонаҳо дар бораи зарбаи дардноки ИМА ба Украина хабар доданд

Нашрияи Neue Zürcher Zeitung навиштааст, ки доктринаи нави Трамп Украинаро аз узвияти НАТО маҳрум мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Доктринаи нави амнияти миллии президенти ИМА Доналд Трамп Киевро аз имконияти пайвастан ба НАТО маҳрум мекунад, хабар медиҳад Neue Zürcher Zeitung.
"Ба назар мерасад, ки эҳтимоли пайвастани Украина ба НАТО дигар баррасӣ намешавад. Тибқи стратегияи нави амниятӣ, НАТО "дигар набояд густариши ёбад", - изҳор кардааст нашрия.
Ахиран Кохи Сафед стратегияи нави амнияти миллии кишварро нашр кард.
Дар он қайд мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида бо аврупоиҳо, ки интизориҳои ғайривоқеӣ дар робита ба низоъ дар Украина доранд, розӣ нест.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВАО: ИМА бори аввал расман бо НАТО дар бораи нақшаи Украина машварат кард
Тибқи ин ҳуҷҷат, Иттиҳодияи Аврупо умеди худро ба идомаи амалиёти ҷангӣ ва поймол кардани принсипҳои асосии демократия барои саркӯб кардани мухолифин мебандад. Вашингтон қасд дорад, ки бо ин муқобилат кунад.
ИМА инчунин аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки масъулияти дифоъро ба дӯш гиранд.