"Кӯчаи сайёҳии Куруши Кабир" ё дақиқтараш, Намоишгоҳи молҳои эронӣ, сокинони Душанберо бо тӯҳфаҳо, либос ва ашёи рӯзгор мафтун кардааст.
Ин чорабинӣ дар Боғи Куруши Кабир дар пойтахти Тоҷикистон ташкил карда шудааст, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ҳар кас метавонад ба он ташриф орад ва бо анъанаҳо ва фарҳанги миллати Эрон беҳтар шинос шавад.
"Тавре ки шумо медонед, мо таърихи, забон ва рамзҳои муштарак дорем ва табиист, ки сокинони маҳаллӣ аз маҳсулоти мо истиқбол мекунанд", - гуфт Муҳаммади Султонӣ, намояндаи ширкати эронӣ.
Дар ин чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокӣ ва шириниҳои болаззат ба роҳ монда шудааст.
Ғайр аз ин, дар ин чорабинӣ бозиҳои ҷолиби варзишӣ ва зеҳнӣ, озмунҳо инчунин намоишҳои театрӣ баргузор мешаванд.