Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ИМА ошкор кард, ки акнун бо Зеленский чӣ мешавад

Риттер гуфт, ИМА Зеленскийро пас аз имзои созишномаи сулҳ аз мақомаш барканор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек - Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақша дорад аз Владимир Зеленский халос шавад.
Дар ин бора, Скотт Риттер, таҳлилгари низомии амрикоӣ ва собиқ афсари иктишофии амрикоӣ, дар мусоҳиба бо Дэнни Хайфонг дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор дошт.
"Украина фасодзадатарин ҷой дар сайёра аст. ИМА танҳо бо Ермак сарукор дошт. Мо бо Ермак сарукор доштем. На каси дигар. Мо ин корро кардем. Ва акнун мо Радаро сарнагун мекунем. Ва мо ин сохторро нобуд мекунем. Ва ин воқеияти наверо ба вуҷуд меорад. Ва дар ниҳоят, мо Зеленскийро ба маҳзи имзои созишнома барои хотима додан ба ҷанг бо шартҳои худ аз мақомаш барканор мекунем", - гуфт ӯ.
Интихоботи президентӣ дар Украина бояд 31 марти соли 2024 баргузор мешуд, аммо бо сабаби вазъи низомӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв гардид.
Зеленский иддао кард, ки овоздиҳӣ саривақтӣ набуд. Мӯҳлати ваколати ӯ 20 майи соли гузашта ба охир расид ва Киев исрор меварзад, ки раҳбари режим то интихоби раҳбари нав қонунӣ боқӣ мемонад.
Рӯзи 28 ноябр Зеленский эълон кард, ки роҳбари дастгоҳи ӯ Андрей Ермак истеъфо додааст. Пеш аз ин, вакили Радаи Олӣ Ярослав Железняк хабар дод, ки Бюрои миллии мубориза алайҳи фасоди Украина ва Додситонии махсуси муборизаи зидди фасид дар пасманзари як моҷарои фасод дар бахши энержӣ дар хонаи Ермак кофтуков анҷом доданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршиноси амрикоӣ: Зеленский бояд ба гапи Трамп гӯш медод
Тавре ки баъдтар Укринформ бо истинод ба Бюрои мубориза алайҳи фасод хабар дод, кормандони он баъдан ягон айбнома пешниҳод накарданд.