Дар вилояти Суғд барои парастории модару кӯдак беморхонаи махсус сохта мешавад

Ин марказ нахустин иншооти махсусгардонидашуда дар самти нигоҳдории саломатии модару кӯдак дар вилояти Суғд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 дек - Sputnik. Дар вилояти Суғд Маркази перинаталии вилоятӣ сохта мешавад. Санги асоси онро раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода гузошт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Маркази перинаталии вилояти Суғд доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.
Ин марказ нахустин иншооти махсусгардонидашуда дар самти нигоҳдории саломатии модару кӯдак дар вилоят хоҳад шуд.
Маркази нави перинаталӣ аз 7 ошёна, 10 шуъба ва 300 кати хоб иборат буда, он бо маблағгузории мақомоти вилоят бунёд мегардад. Дар баробари фаъолияти шуъбаҳои асосӣ, дар ин бино Маркази ҷарроҳии бемориҳои асаб низ ҷойгир карда мешавад.
Лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир таҳия шуда, барои иҷрои ҳамаи талаботи зарурии ташхису табобат ва парастории занон баъди таваллуд ва навзодон пешбинӣ гардидааст.
Ин марказ дар ҳудуди Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ҷойгир мешавад, то табибони соҳибтаҷрибаи беморхона тавонанд сари вақт ба беморони бистаришудаи марказ хизмат расонанд.
Ба истифода додани Маркази перинаталии вилояти Суғд на танҳо сатҳи хизматрасонии тиббиро боло мебарад, балки даҳҳо ҷойи нави корӣ низ фароҳам меорад.
Омодагии соҳаҳои иҷтимоии Суғдро ба зимистон гурӯҳҳои махсус месанҷанд
Ёдовар мешавем, ки пештар дар вилояти Суғд, биноҳои нави Маркази саратоншиносии вилоят, Маркази эндокринологӣ, Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1 ба истифода дода шуд.
Манбаъ айзуда, ки айни замон сохтмони биноҳои нав дар Беморхонаи клиникии бачагонаи вилояти Суғд, Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд, Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ва ғайраҳо идома дорад, ки гувоҳи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи тандурустӣ ва таъмини солимии аҳолӣ мебошад.