Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки аз кӯчонидани шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои Русия манфиатоваранд, пуштибонӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон бо ҳуқуқшинос Дмитрий Ярошенко дар бораи муқаррароти асосии ҳуҷҷат ва ба кӣ дахл доштани он суҳбат кард.
"Ба гуфтаи коршинос, ин фармони президент аст, ки аллакай эътибор пайдо кардааст, яъне он амал мекунад. Акнун ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ аст, ки қоидаҳоро барои татбиқи амалии ин фармон, дар асоси дархостҳои шаҳрвандони хориҷӣ, таҳия намояд.
"Ин шаҳрвандон мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои санъат, маориф, варзиш ва дигар соҳаҳое мебошанд, ки айни замон дар сатҳи байналмилалӣ муҳиманд ва дар Русия талабот доранд", - шарҳ дод Ярошенко.
Ва мувофиқан, ин фармон асос аст ва татбиқи он дар доираи Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти муайянкунандаи ин дастовардҳои шаҳрванди хориҷӣ хоҳад буд.
Сипас хулоса тартиб дода мешавад, ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда мешавад ва баъдан дар бораи қабули дархостҳо барои мақоми истиқомати муваққатӣ (РПВ) ё истиқомати доимӣ (ВНЖ) қарор қабул карда мешавад.