Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Тоҷикистон қатъномаи зидди Русияи СММ -ро дар мавриди Украина, пуштибонӣ накард

Тоҷикистон дар баробари 56 кишвари дигар, аз қабули қатъномаи зидди Русия дар бораи Украина, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ баррасӣ мешуд, худдорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Тоҷикистон дар ҷаласаи махсуси СММ аз қабули қатъномаи зидди Русия "Бозгашти кӯдакони украинӣ" худдорӣ кард.
Тавре ки натиҷаҳои ҷаласа нишон доданд, камтар аз 50% кишварҳои узви СММ ба ҷонибдории ин ҳуҷҷат овоз доданд, аммо он бо вуҷуди ин қабул карда шуд.
Дувоздаҳ кишвар, аз ҷумла Русия, Беларус, Куба ва Эрон, ба муқобили қатънома овоз доданд.
Ғайр аз Тоҷикистон, 56 кишвари дигар, аз ҷумла Бразилия, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон, аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.
Намояндагии Русия дар СММ ин қатъномаро сиёсӣ номида, изҳор дошт, ки ин ҳуҷҷат воқеияти вазъро комилан таҳриф мекунад.
Тавре ки Мария Заболотская, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ, дар аввали ҷаласа қайд кард, ҳадафи асосии ин иқдом таблиғи идеяи ихроҷи кӯдакони украинӣ аз ҷониби Маскав аст.
Вай қайд кард, ки рақами 20 000 кӯдаки гӯё ихроҷшуда чанд сол боз эълон мешавад ва ин маълумотро ягон рӯйхат тасдиқ намекунад.
"Ҳар як раъй барои қатънома пуштибонӣ аз дурӯғ, ҷанг ва муқовимат аст; ҳар як раъй бар зидди он раъй барои сулҳ аст", - хулоса кард дипломати рус.
Ёвари президенти Русия Владимир Мединский қаблан изҳор карда буд, ки аз ҷониби Федератсияи Русия ягон кӯдак рабуда нашудааст, танҳо онҳое ҳастанд, ки аз ҷониби сарбозони рус наҷот дода шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Пурмуҳтаво": Ушаков дар бораи мулоқоти Путин ва Уиткофф
Маскав кӯдаконро ба Киев бармегардонад, агар волидон ё парасторони қонунии онҳо пайдо шаванд.