ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Дар Душанбе бо қарори шаҳрдор Рустами Эмомалӣ, лоиҳаи инноватсионии "QR-роҳнамо" таҳия карда мешавад.
Ин тарҳ барои ошно сохтани сайёҳони дохилию хориҷӣ бо маконҳои таърихию фарҳангии пойтахт амалӣ мегардад.
Мақсади дигари лоиҳа, татбиқи ҳадафҳои "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия – 2025-2030" гуфта мешавад.
Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, ба сокинон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки тавассути скан намудани рамзҳои QR дар бораи 45 иншооти таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълуоти муфассал дастрас намоянд.
Маълумот дар шакли матнӣ ва аудиоӣ дар портали расмии сайёҳии Душанбе — Dushanbe Travel пешниҳод мешавад.
Интизор меравад, ки дар марҳилаи навбатӣ маълуот ба забонҳои чинӣ ва арабӣ низ илова карда шавад.
Худи "QR-роҳнамо" бошад, аз санги мармар омода шуда, дар назди ҳар иншоот насб мегарданд.
Мувофиқи нақша, анҷоми пурраи лоиҳа ва насби ҳамаи аломатҳои "QR-роҳнамо" то охири моҳи январи соли 2026 дар назар дошта шудааст.
Лоиҳаи "QR-роҳнамо" яке аз ташаббусҳои муҳим дар роҳи табдили Душанбе ба яке аз марказҳои сайёҳии рақамии минтақа ба шумор меравад.