ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Дар Душанбе маросими қадрдонии ғолибони "Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор шуд.
Имсол дар “Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 94 нафар ғолиб гардида, 4 нафар соҳиби “Шоҳҷоиза” дониста шуда, бар ҳар яке 140 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ҳамин тариқ Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 10-и мактаби 3-и ноҳияи Муъминобод – дар бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ соҳиби шоҳҷоиза гардид.
Ҳамчунин, Анӯшервон Раҳимов, донишҷӯи курси 2-и Донишҳгоҳи давлатии Данғара – дар бахши адабиёти классики тоҷик ғолиб дониста шуд.
Умеда Шарифова, хонандаи синфи 4-и мактаби 4-и ноҳияи Мастчоҳ – дар бахши адабиёти муосири тоҷик ва Фариса Холиқова, хонандаи синфи 10-и мактаби 50-и ноҳияи Рӯдакӣ низ дар озмуни бонуфуз имсол соҳиби шоҳҷоиза гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки бо амри раисҷумҳур барои баргузории озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" наздики 6,7 млн сомонӣ ҷудо гардид.
Ҷоизапулиҳо нисбат ба соли гузашта, афзоиш ёфта, барои барандаҳои ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидаст.
Мукофотпулӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро мегиранд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳамчунин хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан, ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.