Омодагии соҳаҳои иҷтимоии Суғдро ба зимистон гурӯҳҳои махсус месанҷанд

Барои иҷрои қарор "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026" ҷаласа баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Дар Вазорати рушди иқтисод сатҳи омодагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба фасли зимистон баррасӣ карда шуд.
Ҷаласа таҳти раисии муовини сарвазири Тоҷикистон, раиси ситоди ҷумҳуриявӣ Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардидааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати рушди иқтисод гузориш медиҳад.
Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумат аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.
"Дар ин замина гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолати иҷрои ин қарор ва сатҳи омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш пешниҳод намуд", - омадааст дар хабарнома.
Зимни ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳисобот пешниҳод намудаанд.
Ҳамзамон масъалаҳо оид ба маблағгузорӣ барои хариду захираи маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энержӣ ва дигар бахшҳои муҳими зимистонгузаронӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.
Мушкилот нест: Мирзонабот аз омода будани ВМКБ ба давраи зимистонгузаронӣ гузориш дод
Дар самти мушкилию камбудиҳои ҷойдошта ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дода шудаанд.