ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе имрӯз ҳашт муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба баҳрабардорӣ расид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти кишвар гузориш дода, афзудааст, ки ин кӯдакистонҳо барои 1900 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар маросими ифтитоҳи кӯдакистонҳо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ширкат кардаанд.
Президент зимни боздид аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаҳо, ба масъулин ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо додааст.
Раҳмон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои идона, аз ҷумла ширинӣ ва бозичаҳои гуногун тақдим кардааст.
Бино ба гузориши манбаъ, дар аксари кӯждакистонҳои нав, усулҳои ҷадид таълиму тарбия истифода мешавад. Масалан дар боғчаи хусусии "Гулистон" ҳуҷраи махсуси намакин таъсис дода шудааст, ки ба беҳтар шудани роҳҳои нафас, паст гардидани илтиҳоб ва баланд шудани масунияти кӯдакон мусоидат мекунад.
"Чунин таҷриба бори аввал дар муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.Ин гуна муҳит ҳаворо безарар гардонда, нишонаҳои зуком, аллергия ва хастагии асабро сабуктар менамояд", - омадааст дар гузориши хадамоти матбуотӣ.
Манбаъ афзуда, ки дар Душанбе сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад.
Давоми соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 2650 ҷойи нишаст дар ду баст ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст.