ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Владимир Зеленский метавонад дар Ирландия бинобар тафтишоти нави Бюрои зидди фасод бимонад.
Дар ин бора, таҳлилгари Маркази Маҷористон оид ба ҳуқуқҳои бунёдӣ, Золтан Кошкович, дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X навиштааст.
"Бо эҳтимоли зиёд, ӯ дигар барнагардад", - навишт ӯ.
Ин коршинос инчунин бовар дорад, ки Ирландия метавонад барои дароз кардани низоъ дар Украина алайҳи Зеленский иғвоангезӣ анҷом диҳад.
Ҷумъаи гузашта, вакили парлумон Ярослав Железняк аз Верховная Рада эълон кард, ки Бюрои миллии мубориза алайщи фасоди Украина ва Додситонии махсуси мубориза бо коррупсия дар хонаи Андрей Ермак дар пасманзари ҷанҷоли коррупсионӣ дар бахши энергетикии Украина кофтуков анҷом доданд.
Тибқи иттилои Укринформ, кормандони бюро пас аз кофтуков ба касе айбнома пешниҳод накардаанд.
Дертар дар ҳамон рӯз Зеленский эълон кард, ки Ермак, ки инчунин гурӯҳи музокиротиро барои ҳалли низоъ дар Украина роҳбарӣ мекард, истеъфои худро пешниҳод кардааст ва ин истеъфо пазируфта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин, ки 21 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия суханронӣ карда, изҳор дошт, ки нақшаи ИМА метавонад асоси ҳалли ниҳоии сулҳ бошад, аммо ин матн айни замон бо Русия ба таври ҷиддӣ муҳокима нашудааст.
Вай изҳор дошт, ки ин аз он сабаб аст, ки маъмурияти ИМА зоҳиран наметавонад ризоияти Киевро ба даст орад, зеро Украина ва муттаҳидони аврупоии он то ҳол орзуи "шикасти стратегӣ"-иРусияро дар майдони ҷанг доранд.
Путин қайд кард, ки мавқеи онҳо бо набудани маълумоти объективӣ дар бораи вазъи воқеии корҳо дар майдони ҷанг алоқаманд аст.