ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Ҷаласаи сеюми ҳайатҳои техникии Идораи гумруки Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рӯзи якшанбе ба анҷом расид, ки дар он тарафҳо ба чанд масъалаи муҳим ба тавофуқ расиданд, ки дар Созишномаи тиҷорати озод муқарраршуда буд.
Дар ҷараёни мулоқот мақомоти гумруки Эрон ва ИИАО ба мувофиқа расиданд, ки маълумоти гумрукиро ба таври электронӣ мубодила кунанд.
Тибқи Созишномаи тиҷорати озод, ки моҳи май эътибор пайдо кард, Эрон ба қариб 87% содироти худро ба кишварҳои узви ИИАО бидуни боҷ анҷом медиҳад.
Пеш аз ин созишнома, ҳарду ҷониб тибқи созишномаи тиҷорати имтиёзнок, ки моҳи июни соли 2017 дар Арманистон имзо шуда буд, фаъолият мекарданд.
Дар моҳи декабри соли гузашта Эрон расман ба ин Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пайваст.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имконияти пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.