Ҷашни технология: Баргузории аввалин мусобиқаи варзиши сайберӣ дар Душанбе - видео

Аввалин мусобиқаи миллии киберспорт, Ҷоми Президент, дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши шиноварии Душанбе баргузор шуд
Sputnik
Дар чемпионат варзишгарон дар бозиҳои машҳури ҷаҳонӣ рақобат карданд. Барои мисол дар мусобиқаварзишгарон дар бозиҳои Counter-Strike 2, Dota 2, PUBG M, Mobile Legends: Bang Bang ва FC 25 рақобат каданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ аҳамият ба ин мусобиқа дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дилшод Хайриддинов, директори варзиши Федератсияи киберспорти Тоҷикистон, дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт.
"Ин як варзиши пурра аст, на танҳо бозиҳои компютерӣ. Мо тарзи ҳаёти солимро таблиғ мекунем ва ба маводи мухаддир ва машрубот муқобилат мекунем", - қайд кард Хайриддинов.
Ин чорабинӣ барои рушди зеҳнии ҷавонон, кашф кардани истеъдодҳои нав равона шудааст ва оғози марҳилаи нав дар тақвияти имконоти рақамӣ, татбиқи технологияҳои нав ва рушди фарҳанги инноватсия мебошад.
Шералӣ Кабир: Ҳукумат мехоҳад як ширкати давлатии миллии зеҳни сунъиро таъсис диҳад
Варзишгарон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ин мусобиқа ширкат варзиданд.
Ташкилкунандагон қайд карданд, ки киберспорт на танҳо як бозии рақобатӣ, балки як соҳаи муосири илмӣ, эҷодӣ ва технологӣ мебошад, ки соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳияи бозиҳо, тарроҳӣ ва аниматсия, пахши мустақим, таҳияи платформаҳои рақамӣ, таҳқиқот ва маркетинги рақамиро дар бар мегирад.
Баргузории ин мусобиқа ҳар сол ба нақша гирифта шудааст ва дар оянда он ба сатҳи чемпионати ҷаҳон хоҳад расид.
Душанбе ва Абу Забӣ имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои мухталифро тақвият хоҳанд дод
Ин мусобиқа на танҳо як чорабинии варзишӣ, балки ба ҷашни технология, рушди зеҳнӣ ва ҳамгироии ҷавонони кишвар табдил ёфтааст.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар тақвияти иқтидори рақамии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.